Адвокатхо малакаи касбии худро дар самти ҳуқуқи дастрасӣ ба манзил таквият доданд

Адвокатхо малакаи касбии худро дар самти ҳуқуқи дастрасӣ ба манзил таквият доданд

Рузхои 27-28 апрели соли 2019 дар мавзеи зебоманзари Шохамбари осоишгохи "САТУРН" бо иштироки адвокатхои шахри Душанбе тренинг дар мавзуи " Таквияти такмили ихтисос ва малакаи касбии адвокатхо дар самти хукуки дастраси ба манзили кофи" баргузор гардид. Ташкилкунандагони ин чорабини Намояндаи Комиссари олии СММ оид ба хукуки инсон дар Точикистон Шоев Сухроб, ТЧ " Маркази мустакил оид ба хукуки инсон" ( рохбараш Шоира Давлатова) ва Маркази такмили ихтисоси адвокатхои назди Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон буданд.

Дар ин тренинг масъалахои зерин: 

- Мафхум ва мохияти хукук ба манзили кофи,

-ухдадорихои давлат ва субъектони сохибхукук,

- алокамандии хукук ба манзили кофи бо дигар хукукхо,

- чанбахои хукуки ба манзили кофи, стандартхои байналмилали ва миллии химоя,

-химояи хукукхои манзили хангоми амали намудани накшахои генералии шахру нохияхо,

- кафолатхои конунии хифзи хукукхо ба манзлили кофи ва гайра мавриди барраси карор гирифтанд.

Гайричашмдошт, ташрифи гурухи намояндагони Комиссияи байналмилалии хукукшиносон (МКЮ) дар раъси Котиби генералии ин ниход чаноби Сомонязид Зарифи ба ин чорабини (албатта бо ичозаи мутасаддиён), мароки эшон ба ин мавзуъ, ошнои бо адвокатхо, пазирои ва суханронихои гарму самими ба раванди тренинг хусни хоса ва чаззобу хотирмоне зам намуд.

Дар итмоми тренинг ба иштирокдорон сертификат-гувохномахо супорида шуданд. 

 

Сарчашма: FaceBook - Оқилов Фозил 

Tajik