Дар Тоҷикистон бо дастгирии САҲА Эътилофи оид ба шаффофият ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд

Дар Тоҷикистон бо дастгирии САҲА Эътилофи оид ба шаффофият ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд

Ҷаласаи аввалини Эътилофи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва мубориза бо коррупсия 10 апрели соли 2019 таҷлил карда шуд. Намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласаро дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои таъсис намудани Эътилоф ва таҳия намудани стратегия, муайян кардани самтҳои афзалиятнок ва нақшаи сесолаи фаъолият доир намуданд.

Эътилоф ба мубориза бо коррупсия дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор нигаронида шудааст. Эътилофи мазкур ҳамчун воситаи таҳкими Стратегияи миллии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тавассути гузаронидани маъракаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, курсҳои омӯзишӣ барои мансабдорони давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ва арзёбии хатарҳои зиддикоррупсионӣ таъсис дода шудааст.

Барномаи Рушди САҲА ин ташаббусро бо кӯмаки техникӣ ва маъмурии Эътилоф дастгирӣ мекунад

Tajik