Дар шаҳри Душанбе Муаррифии натиҷаҳои «Тадқиқот доир ба вазъи ҳуқуқ ба манзили кифоятдошта ҳангоми маҷбуран баровардан аз манзил (кӯчонидан) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад

Дар шаҳри Душанбе Муаррифии натиҷаҳои «Тадқиқот доир ба вазъи ҳуқуқ ба манзили кифоятдошта ҳангоми маҷбуран баровардан аз манзил (кӯчонидан) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад

Душанбе, 11 июли соли 2019. Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Серена» Муаррифии «Тадқиқот доир ба вазъи ҳуқуқ ба манзили кифоятдошта ҳангоми маҷбуран баровардан аз манзил (кӯчонидан) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мешавад, ки аз ҷониби ТҶ «Ҳуқуқшиносон» дар мушорикат бо ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти Ҷомеаи Кушод «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Ҳадафи асосии Тадқиқот омӯзиши мушкилоти механизмҳои ҳуқуқию ҳимоявӣ зимни кӯчониданҳои маҷбурӣ ва ошкор намудани усулҳои ҳалли онҳо мебошад. Таҳлил давраи панҷсола: аз соли 2014 то семоҳаи аввали соли 2019-ро дар бар гирифта, он фарогири масъалаҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ, амалияи кӯчониданҳои маҷбурӣ ва шарҳи инъикоси масоили кӯчонидани маҷбурӣ дар робита бо вайрон кардани биноҳои истиқоматӣ ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ВАО, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.

Сана: 11 июли соли 2019

Оғози чорабинӣ: 09.00

Нишонӣ: ш.Душанбе  меҳмонхонаи «Серена».

Сабти номи намояндагони ВАО тавассути: ngo.lawyers@mail.ru ё ichrp.tj@gmail.com

ТҶ «Ҳуқуқшиносон»

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон»

Tajik