Умед Бобозода: “Дар ҳамбастагӣ мо метавонем натиҷаҳои бештареро ба даст орем”

Умед Бобозода: “Дар ҳамбастагӣ мо метавонем натиҷаҳои бештареро ба даст орем”

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба ин вазифа таъин шуда буд бо Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” вохурӣ гузаронда, дар рафти  вохурӣ  ба роҳ мондани ҳамкориҳо  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳоии манзилӣ масъалагузорӣ шуданд.

Дар баробари ин, Умед Бобозода оид ба қадамҳои аввалини худ дар вазифаи нав таъиншуда, оид ба ҳадафҳои асосии худ ва  поймолкунии ҳуқуқҳои манзилӣ дар Тоҷикистон нақл кард.

-Лутфан дар бораи худатон нақл мекардед... Шумо ба кори Ваколатдор чанд моҳ қабл оғоз кардед, нақл мекардед, ки  Шумо аз чӣ оғоз кардед?

-Ман соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадам. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи  ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шуъбаи Фаъолияти ҳуқуқии байналмилалӣ дохил шуда, соли 1998 онро бо ихтисоси «ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» бо дипломи «аъло» хатм намудам.

Фаъолияти кории ман асосан аз ҳамин факулта оғоз гардидааст. Яъне аз соли 1998 то 2006 дар ҳамин факулта ба ҳайси муаллими кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият намудам. Соли 2004 рисолаи номзадиамро дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ дифо намудам.

Аз соли 2007 инҷониб ба кори амалӣ гузаштам. Сараввал, соли 2007 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, ҳамзамон намояндаи ваколатдори Президент дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудам. Солҳои 2009-2011 ба вазифаи муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидам. Аз соли 2011 то соли 2019 ба ҳайси мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият намудам. Чи хеле, ки медонед, аз моҳи марти соли ҷорӣ дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодаам. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллиф ва ҳаммуаллифи 90 китоб, воситаи таълимӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмӣ ҳастам. Бештари маводҳои илмиамро масъалаҳои марбути ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд.

Фаъолиятамро дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ман албатта аз корҳои шиносоӣ ҳам бо кормандон ва ҳам бо санадҳои мавҷудбудаи ин мақомот ва соҳа оғоз намудам. Чи хеле, ки ба Шумо маълум аст, оғози фаъолияти ман бо баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо», ки рӯзҳо 21-22 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, рост омад. Тайи  ду – се моҳ дар қатори дигар корҳо омодагии ҳамаҷониба ба ин конфронс дидем. Дар рафти конфронси мазкур бо Омбудсманҳои давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Россия ва дигар созмон ва ниҳодҳои ҳуқуқи инсон вохурӣ намуда, оиди ҳамкориҳои минбаъда ба созиш омадем. Хусусан, бо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Россия дар ҳошияи конфронс вохурӣ намуда, ба мувофиқа расидем, ки дар моҳҳои наздик бо худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Россия Москалькова Т. вохурда, дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дигар масоили марбути ҳуқуқҳои онҳо ба созиш расем.

Ғайр аз ин, бо чандин намояндагиҳои дигар дар дафтари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар дар самти ҳуқуқи инсон вохӯрӣ доштам. Инчунин аввали моҳи май аз муассисаҳои ислоҳии ЯС  ¾  ва ЯС 3/7  СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон дидан намуда, аз вазъи муассисаҳои мазкур ва шароити маҳкумшудагон бархурдор гардидам.

-Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11 сол сипарӣ гардид,  оё зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур ҷой дорад? Шумо дар ин бора чи андеша доред?

-Яке аз иқдомҳои нахустин дар самти таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад, ки 20 марти соли 2008 қабул гардидааст.

Аз соли 2008 то ба ҳол бо назардошти таҳкими фаъолияти мақомот ба қонуни мазкур 5 маротиба, яъне 28 июни соли 2011, №742, 16 апрели соли 2012, №811, 26 июли соли 2014, №1101, 15 марти соли 2016, №1281 ва 30 майи соли 2017, №1424 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар сурати ҷой доштани зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо албатта қонуни мазкур боз ҳам такмил дода мешавад.

Масалан, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №АП-901 Нақшаи миллии амалҳо тасдиқ гардид, ки дар банди 3 он такмил додани қонуни мазкур пешбинӣ шудааст. Бо мақсади таъмини мутобиқати фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Принсипҳои Париж бояд то соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” такмил дода шавад.

Айни замон, ҷиҳати амалисозии банди 3 Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои узви Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ тибқи расмиёти Шарҳи умумии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 19 октябри соли 2017, №143 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муовини Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷӣ шомил гардидаанд.

Қонунгузории дигар давлатҳо, ки фаъолияти ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кишварҳое, ки ин ниҳодҳояшон мақоми «А» доранд, омӯхта шуд. Вобаста ба ин маводи таҳлилӣ «Пешниҳодҳо вобаста ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузории ҶТ, дар асоси тавсияҳои Зеркумитаи Аккредитатсионии Ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқ инсон» таҳия карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

-Бисёр вақтҳо шаҳрвандон оид ба вайрон шудани ҳуқуқҳои онҳо ба манзили кофӣ муроҷиат мекунандангоми амалӣ намудани эҳтиёҷоти давлатӣамъиятӣ, ё амалӣ намудани Нақшаи Генералӣ), дар ин вазъият Ваколатдор чи кор карда метавонад?

- Таъмини шаҳрвандон бо манзили истиқоматӣ дар шароити имрӯзаи сиёсати иҷтимоии давлат, яке аз масъалаи ҳалталаб боқӣ монда, давра ба давра ҳалли худро хоҳад ёфт. Дар ин самт ба мақомоти мо низ муроҷиатҳо ворид мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 дар ин самт 22 муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2017  -  19 адад (соли 2017 - 41) кам мебошад.

Бо мақсади мусоидат дар барқарор намудани ҳуқуқҳои вайрон гардидани ҳуқуқ ба манзили шаҳрвандон мақомоти ВҲИ чораҷуӣ менамояд. Муроҷиатҳои ба мақомот воридшуда саривақт баррасӣ гардида, барои ҳалли масъалаҳои дар онҳо гузошташуда мусоидат карда мешавад.

Қонунгузории миллӣ дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 қабул шуда, такмилталаб мебошад. Бо ин мақсад аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар шаҳри Душанбе таҷрибаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои баландошёна аз ҳисоби маблағҳои худи шаҳрвандон ё саҳмгузории онҳо дар сохтмони чунин хонаҳо амалӣ мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ оид ба масъалаи вазъи риояи ҳуқуқ ба манзил дар Маърӯзаҳои соланаи худ диқкати махсус дода, барои беҳтар шудани вазъ якчанд тавсияҳо пешниҳод кардааст, аз ҷумла андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷмандон, хусусан гурӯҳҳои осебпазир бо манзил; ҳамоҳанг кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ, сармоягузорон ва сохтмончиён ҷиҳати муҳайё намудани муҳити мувофиқ барои рақобати солим дар соҳаи сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, таъсис додани фонди манзили кироявӣ ва дар сатҳи қонунгузорӣ ҳамаҷониба ба танзим даровардани бозори манзили кироявӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории манзил, шаҳрсозӣ ва замин ва ғайраҳо.

Соли 2018 шаҳрванд С. С. нисбати ширкати ҶДММ “Мовароуннаҳр” ба мақомоти ВҲИ хаттӣ муроҷиат намуда, оид ба иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартнома оид ба хариди манзили истиқоматӣ шикоят намудааст. Санҷиш аз рӯи ариза дар ҷояш гузаронида шуда, маълум гардид, ки тибқи шартнома ба шаҳрванд С.С. дар бинои 12 ошёна, воқеъ дар ш. Душанбе, к. Навбаҳор дар қабати 8 –ум манзили 56 м 2 муайян карда шудааст, аммо манзили сохташуда масоҳати 84 м 2 –ро дар бар мегирад. Бо мусоидати ВҲИ тарафҳо ба созиш омада аз ҷониби даъвогар С. С. маблағи иловагӣ барои 28 м 2 пардохт карда шуд ва масъалаи мазкур ҳалли мусбии худро ёфт. Бояд қайд намуд, ки бо мазмуни таъмин шудан, маскун намудан, ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ ва ғайраҳо ҳамасола муроҷиат аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти ВҲИ ворид мегарданд. Муроҷиатҳои мазкур тибқи тобеият ирсол карда шуда, баъзеяшон дар ҷояш санҷидашуда оид ба масъалаҳои дар он гузошташуда мусоидат карда мешавад.

-Айни ҳол фаъолияти  кории Шумо асосан ба кадом самтҳои ҳуқуқи инсон равона карда шудааст? Кадом нақшаҳоро шумо дар ояндаи наздик дар пеши худ мондаед? Аз ҷумла дар масъалаҳои ҳуқуқ ба манзили кофӣ, озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот.

-Ман фаъолиятамро ба самтҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин санадҳои мавҷудбудаи ин соҳа дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян кардаанд, равона сохтаам. Албатта, мехоҳам ҳамкориҳои мақомот густариш  ёбанд, маҳз бо давлатҳое, ки дар он ҷо шаҳрвандони мо кор ва фаъолияту зиндагӣ мекунанд ва поймолшавии ҳуқуқи инсон ба вуҷуд меояд. Инчунин мехоҳам аз фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии мақомот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намоям ва бо пайдо гаштани имконият фаъолияти онҳоро ҷоннок намоем. Албатта, мақсади асосии мақомот – ин ба даст овардани мақом ё худ категорияи «А» мебошад, ки бо ин мақсад мақомот дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои корӣ кор бурда истодаанд.

Ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқ ба озоди сухан дар мамлакат дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалия пайваста чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ҳуқуқҳои мазкур ба Конститутсияи ҶТ (моддаи 30) асос ёфта, бо қонунҳои ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ифода ёфтаанд. «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Озодии сухан дар ҶТ бо тамоми паҳлуҳояш вуҷуд дорад. Алалхусус барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи рӯзноманигорон дар инъикоси таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст.

Озодии сухан яке аз ҳуқуқҳои калидии инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳар як шахс ҳуқуқ дорад озодона сухан намояд. Ба амалишавии ҳуқуқи мазкур кафолат дода мешавад.

Робитаҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдор ва расмиёти махсуси СММ дар ин самт сол аз сол тақвият меёбанд. Дар ин раванд аз 3 то 10 марти соли 2016 бо даъвати Ҳукумати ҶТ Маърӯзачии махсуси СММ оид ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён Дэвид Кайе ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, аз натиҷаи сафари худ ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур хулосаву тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

ВҲИ минбаъд фаъолияти худро ба он равона менамояд, ки ба амалишавии ҳуқуқи мазкур дар сатҳи талаботи санадҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

Яке аз ҳуқуқҳои асосии иттилоотӣ ин ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Тибқи ҳуқуқи мазкур ҳар як шахс ҳуқуқ дорад озодона иттилоотро ҷустуҷӯ намояд ва онро аз шахсе, ки қонунан ин иттилоотро дорад (мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо), дастрас намояд.

Ҳуқуқи мазкур ҳуқуқи асосии инсон ба шумор рафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ба Эъломияи ҳуқуқи инсон ворид карда шудааст. Тибқи моддаи 19-и Эъломия ҳар инсон ба ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту андеша ҳуқуқ дорад.

Моддаи 19 ПБҲШС пешбинӣ менамояд, ки ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳама гуна маълумотро ҷустуҷӯ намояд, ба даст оварад ва паҳн намояд.

Бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои озоди иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд: барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шароити зарурӣ муҳайё намоянд; ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти пешниҳодшаванда, риояи мӯҳлати муқарраршуда ва шартҳои пешниҳод кардани онро риоя намоянд; санадҳои қабулкардаашон, санадҳоеро, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян менамоянд, дар давоми муҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот ва васоити ахбори омма тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти ВҲИ дар ҶТ барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст.

Бо мақсади тақвият додани фаъолияти мақомоти ВҲИ дар ин самт соли 2016 Роҳнамо барои баррасии муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар мақомоти ВҲИ таҳия гардид.

Соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Сомонаи Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ дар самти ҳуқуқи инсон – www.khit.tj  фаъол гардид, ки корбарии онро мақомоти ВҲИ таъмин менамояд.

Аз ҷониби мақомоти ВҲИ соли 2018 бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва мутобиқати сомонаи МИМҲД ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҶТ ва
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ ба талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи қоидаҳои ягона барои сомонаҳои
расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи
интернет» мониторинг гузаронида шуд.

Мониторинг нишон дод, ки сомонаҳо қисман ба талаботи таъмини дастрасӣ ба иттилоот чандон ҷавобгӯ нестанд.

Ба суроғаи мақомоте, ки мавриди мониторинг қарор дода шуданд, тавсияҳои ВҲИ ирсол карда шуданд. Минбаъд дар барномаи амали ВҲИ гузаронидани мониторинги сомонаҳои дигар мақомот ба нақша гирифта шудааст.

Минбаъд низ дар масъалаҳои ҳуқуқ ба манзили  кофӣ, озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот мо вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷудбудаи мақомот ва умуман соҳа кушиш менамоем, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрванд ё ин ки ҳангоми вайрон гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ба ин соҳаҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор амал намоем.

 ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Tajik