26-май –Рузи адвокатҳо

26-май –Рузи адвокатҳо

Дӯстони азиз!

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рузи касбиашон табрик менамояд!

Адвокатураи мустақил - кафили таҳкими давлатдорӣ ва таркиби ивазнашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Мақсади асосии кори адвокатҳои тоҷик ин волоияти қонун ва таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди он мебошад.

Касби адвокатиро дар донишгоҳҳо намеомӯзанд, адвокатҳо шахсоне мешаванд, ки дар қатори дониши аълои ҳуқуқӣ доштан, дорои ақида устувор, масъулият, истодагарӣ ва зиракӣ мебошанд. Ҳамаи ин асоси муваффақияти касбӣ мебошад!

Аз сидқи дил ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор, пирӯзиҳои нав ва дастовардҳо баҳри шукуфоии Тоҷикистон  таманно дорем!

 

Тими ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Tajik