Хешовандони ҳашт қурбонии «пневмония» ҷубронпулӣ гирифтаанд

Search form

Хешовандони ҳашт қурбонии «пневмония» ҷубронпулӣ гирифтаанд

Соли гузашта КВД «Тоҷиксуғурта» ба хешовандони ҳашт нафари аз пневмония фавтида ҷубронпулӣ пардохт кардааст. Дар ин бора директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои соли 2020 иттилоъ дод.

Шуҳрат Мақсудзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки пандемияи коронавируси COVID-19 ба фаъолияти КВД «Тоҷиксуғурта» таъсири манфӣ расонидааст. Ҳамин тавр, дар соли 2020 бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 513 660 шартномаи суғуртавӣ баста шудааст, ки аз онҳо 44 806 шартномаи ҳатмии суғурта ё 8,7 % аз шумораи умумии шартномаҳо, 468854 шартномаи ихтиёрии суғурта ё 91,3% аз шумораи умумии шартномаҳо аст.

Ба гуфтаи ӯ, шартномаҳои басташуда 26,5 млн сомониро дар бар мегиранд, ки аз он 6,2 млн сомонӣ ё 23,4% ба суғуртаи ҳатмӣ ва 20,3 млн сомонӣ ё 76,6% ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд.

«Дар соли 2020 КВД «Тоҷиксуғурта» ба 5 113 нафари зарардида ба маблағи умумии 4,8 миллион сомонӣ ҷубронпулии суғуртавӣ пардохт кард, ки 18,3%-и маблағи умумии аз ҳиссагузориҳои суғуртавӣ ба даст омадаро ташкил дода, аз он 1,1 млн сомонӣ ё 23,0 % ба суғуртаи ҳатмӣ ва 3,7 млн сомонӣ ё 77,0% ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд»,- зикр намуд Шуҳрат Мақсудзода.

Дар шарҳи суол оид ба пардохти ҷубронпулӣ дар робита бо COVID-19, Шуҳрат Мақсудзода ба рӯзноманигорон гуфт, ки ба хешовандони ҳашт нафари аз пневмония фавтида ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст.

«Аз ин ҳашт нафари фавтида шаш нафар хизматчии давлатӣ ва ду нафар хизматчии ҳарбӣ мебошанд. Ба хешовандони хизматчиёни давлатӣ ҷубронпулӣ дар ҳаҷми ҳашт маоши охир, ба хешовандони хизматчиёни ҳарбии фавтида дар ҳаҷми 100 нишондод барои ҳисобҳо пардохт карда шуд»,- изҳор дошт роҳбари «Тоҷиксуғурта».

Дар нишасти матбуотӣ маълумот дода шуд, ки ҳоло КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар минтақаҳо буда, аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ хизматрасонӣ мекунад. Аз ҷумла, соли гузашта бо мақсади паст кардани хавфи паҳншавии коронавируси COVID-19 КВД «Тоҷиксуғурта» ба Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва бемориҳо ҳангоми суғурта аз сирояти коронавирус тағйирот ворид намуда, бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа кард.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Tajik