«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» (матолиби иштирокчиёни семинар)

Search form

«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» (матолиби иштирокчиёни семинар)

Семинар барои намояндагони марказҳои матбуотӣ ва ВАО-и давлатӣ дар ВМКБ

Дар доираи семинари омўзишӣ, ки 25-уми январи соли 2021 дар меҳмонхонаи «Pamir Palace» (Хоруғ) баргузор гардид, ба иштирокчиён омода намудани матолиби иттилоотӣ оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешниҳод карда шуд.

Дар ин қисмат матлаби аз ҷониби иштирокчии чорабинӣ, корманди маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Д. Чоршанбе омодашударо пешкаши шумо менамоем.

Семинар бо марказҳои матбуотӣ ва ВАО-и давлатӣ дар ВМКБ

Дар ВМКБ аз ҷониби Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилоти Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир симинар бо кормандони марказҳои матбуотии мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ ва инчунин ВАО – давлатӣ оид ба расонаӣ кардани озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи миллии Амалхо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солхои 2019-2022 баргузор гардид. Дар сименар пешниҳоди стандартҳои (байналмиллалӣ ва миллӣ) оид ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, Тадбики Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ва маълумот дар бораи Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар фаҳмонда дода шуд.Дар рафти семинар миёни кормандони марказҳои матбуотии мақомотҳои хифзи ҳуқуқ ва ВАО-и дар ВМКБ бо ташкилкунандагони намояндагони ташкилотҳо  дар доираи мавзуъҳо сухбатхои судманд дои гардиданд.

майори милисия Чоршанбе Д.Н.

Имло ва услуби муаллиф ҳифз шудааст.

Намунаи аслии матлаб бо забони тоҷикӣ пешниҳод гардид.

Матлаби мазкур (бо тарҷумаи озод) дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва давлатӣ дар мавзуи «Ҳамкорӣ ва амалисозии таҷрибаҳо оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти амалҳо барои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.

Tajik