Идатон муборак бошад!

Search form

Идатон муборак бошад!

Муҳтарам кормандони прокуратура!
Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шуморо аз самими қалб бо иди касбиатон табрик менамояд!
Кормандони прокуратура дар кори ҳаррӯзаи худ қонуният ва волоияти қонунро нигоҳ дошта, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро бемайлон назорат мекунанд ва дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ фаъолона иштирок мекунанд. Қатъият, риояи принсипҳо ва инсондӯстӣ сифатҳое мебошанд, ки барои кормандони прокуратура хосанд.
Аз фурсат истифода бурда, мо барои ҳамкорӣ ва кори дастаҷамъона миннатдории худро баён менамоем.
Ба шумо дар иди касбиатон, ки хамасола 14 март қайд карда мешавад, саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар ҳалли вазифаҳои муҳиме, ки дар назди шумо истодаанд, муваффақиятҳо таманно дорем.
Ид муборак!
Бо эҳтиром,
Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақил оид ба  ҳифзи ҳуқуқи инсон"

Tajik