Падари рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард

Search form

Падари рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард

https://www.ozodi.org/

16-уми апрели соли 2020 Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Далер Шарифов, ки ба “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” гунаҳгор дониста мешуд, ҳукм содир намуд.

Суд ба рӯзноманигор дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол бо адои ҷазо дар колонияи низомаш умумӣ ҷазо таъин кард. Рӯзноманигори маҳкумшуда аз шикоят овардан нисбати ҳукми суд бо тартиби кассатсионӣ худдорӣ намуд, зеро ба андешаи ӯ, муҳлати баррасии ин шикоят аз муҳлате, ки суд барояш таъин кардааст, тӯлонитар хоҳад буд.

Адвокати маҳкумшуда Абдураҳмон Шарипов ба зерҳимояи худ ва пайвандони ӯ шарҳ дод, ки вай барои иваз кардани ҷазо ба ҷазои сабуктар ҳуқуқ дорад. Чунин меъёр бо банди “а”-и қисми 2-и моддаи 77-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Далер Шарифов барои содир намудани ҷинояти вазнини миёна ҳабс шуд ва бо гузаштани аз се як ҳиссаи ҷазои таъингардида (чор моҳ аз як сол) ба иваз кардани низоми адои ҷазо аз умумӣ ба дигар низом ҳуқуқ дорад. Бо назардошти вақти дар СИЗО гузаронидааш, ӯ метавонад аллакай 28-уми май ариза пешниҳод намояд.

Мувофиқи меъёри моддаи 4-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос барои адои ҷазо ва татбиқи дигар чораҳои хислати ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ дошта ҳукми муқаррароти онро ивазкунанда ё қарори суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, инчунин санади авф ё бахшиш ба шумор меравад. Баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд ваколати адвокат оид ба расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ тибқи меъёрҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ ба охир мерасад.

«Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» аллакай наметавонад дигар ба Далер Шарифов кӯмаки ҳуқуқӣ расонад, зеро аз лаҳзаи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм нисбати маҳкумшуда қисми 5-и моддаи 91-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Яъне, мулоқот бо адвокат барои дарёфт кардани кӯмаки ҳуқуқӣ аз рӯи аризаи алоҳидаи маҳкумшуда таъмин карда мешавад. Дар ин робита, дастрасии адвокат ба зерҳимоя бо меъёри мазкур маҳдуд карда шудааст.

Падари Далер Шарифов - Абдуманнон Шарифов рӯзи 28-уми апрели соли 2020 дар робита ба шикояти писараш аз эҳсоси дард дар самти дил ва хоҳиши дастрасӣ ба кӯмаки касбии тиббӣ оид ба гузаронидани мониторинги вазъи саломатии писараш дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон ҳолатҳои ояндаи марбут ба ин парвандаро пайгирӣ хоҳанд намуд.

 

Tajik