Таърих ва самти фаъолият

Search form

Таърих ва самти фаъолият

Об организации

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” соли 2010 таъсис ёфта дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соли 2015 азнавбақайд гирифташудааст.

Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ташкилоти ҳифзи ҳуқуқ буда аз ҳуқуқшиносон ва гурўҳи адвокатҳо иборат мебошад ва фаъолияти худро дар самти ҳимоя ва ҳифз намудани манфиатҳои ҷомеа амалӣ менамояд, аз он ҷумла дорои иқтидори таҳлилии худ мебошад.

Айни замон мо фаъолияти худро дар доираи барномаҳои (лоиҳа) зерин анҷом дода истодааст:

  1. Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазої дар Тоҷикистон (истифода гардидани шиканҷа, муносибати бераҳмона ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон);
  2.  Ҳимояи ҳуқуқии намояндагони ВАО - ҳуқуқшиносони ташкилот ба ВАО-и дохилӣ кўмаку дастгирии ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд;
  3. Ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки бинобар гирифтани қитъањои заминашон барои ниёзи      

ҷамъиятӣ ва давлат таҳти кўчонидани иҷборӣ қарор гирифтаанд- ҳуқуқшиносони ташкилот ба шарҳвандоне, ки хонаҳояшон кўчонида шуданду ҷуброни мутаносиб пардохт карда нашуд машварату маслиҳати ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд ва дар судҳо манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд..

  1. Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва иттилооте, ки ба манфиати ҷамъиятӣ мебошад
  1. Мурофиаҳои судии стратегӣ, аз он ҷумла пешниҳод намудани маълумотҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Барои амалӣ намудани самтҳои фаъолияти ташкилот – ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, намояндагони илмӣ, рузноманигорон ва дигар нафароне, ки таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро доранд, ҷалб карда шудаанд.

Ташкилоти мо аз соли 2012 инҷониб аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2016 аъзои Платформаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ  мебошад

Соли 2016 ташкилот ҳамчун Ҳамоҳангсози Гуруҳи Медиа дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ҳаммуаллифи омода намудани гузоришҳои алтернативӣ ба Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра мебошад. Ҳамчунин, ҳаммуаллифи омода намудани Гузориш оид ба озодӣ аз шиканҷа ва ҳуқуқи манзили дастрас мебошад.

Узви гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳия кардани лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Tajik