Умед Бобозода: COVID-19 ба кор таъсир расонд, аммо мавзуи муроҷиатҳо тағйир наёфт

Search form

Умед Бобозода: COVID-19 ба кор таъсир расонд, аммо мавзуи муроҷиатҳо тағйир наёфт

Дар робита бо пандемияи коронавируси COVID-19 шаҳрвандон ба Дастгоҳи Ваколатдор кам муроҷиат мекардагӣ шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар нишасти матбуотии марбут ба натиҷаҳои соли 2020 иттилоъ дод.

Дар кори Дастгоҳи Ваколатдори Тоҷикистон, чун тамоми дигар соҳаҳои ҳаёт, пандемияи коронавирус таъсири худро расонидааст.

Дар шарҳи натитаҷаҳои соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода зикр намуд, ки дар робита бо пандемияи коронавируси COVID-19 шаҳрвандон ба Дастгоҳи Ваколатдор кам муроҷиат мекардагӣ шудаанд. Ҳамин тавр, дар соли 2020 ба Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ 1946 муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқӣ (дар соли 2019-ум 3249 муроҷиат) ворид гардидааст.

«Аз ҷумла, дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ 651 муроҷиати шаҳрвандон (дар соли 2019-ум 700 адад) ворид шудааст, ки аз онҳо244 адад хаттӣ ва 407 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 47 муроҷиат ба таври мусбат баррасӣ гардидаанд»,- зикр намуд Умед Бобозода.

Ваколатдор бештар ба масъалаи дараҷанокии муроҷиатҳои воридгардида таваҷҷуҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар робита бо пандемияи коронавируси COVID-19 шаҳрвандон ба Дастгоҳи Ваколатдор кам муроҷиат мекардагӣ шудаанд, аммо мавзуи муроҷиатҳо тағйир наёфтааст.

«Аз 244 муроҷиати хаттӣ 34 ададаш масоили ҳуқуқ ба мурофиаҳои судии боадолатро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, норозигӣ аз қарорҳои судӣ, ғаразнокӣ дар баррасии парвандаҳо ва ғайра»,- зикр намуд Ваколатдор.

Мувофиқи омор, 32 муроҷиат марбути ҳуқуқ ба манзил - бартарафсозии монеаҳо дар истифодаи манзил, кӯчонидан аз бинои истиқоматӣ, соҳибӣ кардани манзил бо роҳи қаллобӣ ё сохтакории ҳуҷҷатҳо, ҷудосозии ҳисса дар бинои истиқоматӣ, бекор кардани шартномаи харидуфурӯши манзил, аъзои оилаи молик эътироф кардан ва ғайра аст.

16 нафар шаҳрванд вобаста ба масоили таъминоти иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд. Аз ҷумла, муроҷиатҳо марбут ба кумаки иҷтимоӣ, таъини алимент, саркашӣ аз пардохти алимент, иҷро накардани ҳалномаҳои судӣ, номуайянии ҷойи истиқомати ҷавоб гар ва ғайра мебошанд.

Ба гуфтаи Ваколатдор, шумораи ками муроҷиатҳо вобаста ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Мавзуҳои муроҷиатҳо шикоятҳо аз қарорҳо ё амалҳо (беамалии шахси мансабдор, норозигӣ бо гузаронидани тафтишот, эҳтимолияти истифодаи шиканҷа, муайянсозии макони боздошт) будаанд.

Ваколатдор илова намуд, ки 407 муроҷиати шифоҳии боқимонда ба мавзуҳое аз қабили ҳуқуқ ба мурофиаи судии боадолат (22 адад), ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (5 адад), ҳуқуқ ба манзил (44 адад), ҳуқуқ ба муроҷиат (17 адад), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (19 адад) ва ғайра тааллуқ доранд.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Tajik