Харитаи Душанбе

Харитаи Душанбе

Таври осони истифодаи харита:

- Истифодаи харита осон мегардад, агар ҳаҷми онро калонтар намоед.

Барои ин, "опсия" дар гӯшаи болоии рости он тугмача вуҷуд дорад.

-Ба руи дилхоҳ расм пахш намоед ва маълумоти муфассал дар бораи ин ҷой пайдо кунед.

Нақшаи Кулли Душанбе: ҳозира ва оянда

Моҳи апрел ду сол мешавад, ки  Ҳукумати кишвар Нақшаи кулли шаҳри Душанберо тасдиқ намуданд, ва тибқи он бартараф кардану азнавсозии маҳалҳои зист, инчунин васеъкунии пойтахт бо ҳамаи самтҳо пешбинӣ шудааст.

Айни ҳол сокинони шаҳри Душанбе оид ба симои ояндаи шаҳр ягон тасаввуроте надоранд, ба ғайр аз аксҳои иморатҳои алоҳидае, ки дар шабакаҳои иҷтимой ҷой дода мешаванд. Иттилоот қариб дастнорас мемонад.Дар шабакаи иҷтимой харитаи на он қадар калони  пойтахт вуҷуд дорад, лекин ин танҳо як тасвирчаи хурде мебошад. Зеро онро муфассал дидан, ҳаҷмашро калон кардан, ба дигар тараф кучондан, аломатҳои шартиро хондан ғайриимкон мебошад.

Охири соли гузашта дар сомонаи  маъмурияти пойтахт руйхати ноҳияҳое, ки биноҳояшон барои лоиҳаҳои сохтмони оянда таҳти бартарафшавӣ қарор доранд, нашр карда шуд. Дар асоси ин маълумот мо харитаи интерактивиро омода намудем.

ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

 

 Маводҳои: http://dushanbe.tj   истифода шуданд.

Tajik