Аз мақомот хостанд, омилони ҳамла ба хабарнигоронро ҷазо диҳанд

Search form

Аз мақомот хостанд, омилони ҳамла ба хабарнигоронро ҷазо диҳанд

Даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Изҳороти созмону нашрияҳо 6-уми июн, пас аз ду рӯзи боздошт, бозпурсӣ ва мушт хӯрдани блогер ва рӯзноманигори тоҷик Далери Имомалӣ, нашру паҳн шуд. Муллораҷаб Юсуфӣ 17-уми майи имсол латукӯб шуда буд. Мақомот то ҳанӯз дар бораи ин ҳодисаҳо чизе нагуфта, омилонашро ҳам наёфтаанд.

Дар изҳорот ба

  • Маҳдуд кардани расонаҳо барои бозтоби воқеаҳои ВМКБ;
  • Ба бозпурсӣ даъват шудани баъзе хабарнигорон;
  • Монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорони Радиои Озодӣ – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов ва Насим Исамов;
  • Мусодираи телефону дастгоҳҳои наворбардории онҳо;
  • Мусодираи телефону компютери хабарнигори "Азия Плюс" Рамзия Мирзобекова

низ ишора шудааст.

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" рӯзи 17-уми майи имсол ва баъди он рӯй дод, ки онҳо барои гирифтани шарҳи Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафта буданд. Мақомот он рӯз ӯро ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ муттаҳам карданд.

Бо гузашти беш аз 20 рӯз омилони ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ошкор нашудаанд ва таҷҳизоташон баргардонида нашудааст.

Хабарнигори "Азия Плюс" Рамзия Мирзобекова рӯзи 22-юми май ба ниҳодҳои интизомӣ даъват ва дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон бозпурсӣ шуд. Мақомот компютер ва телефони ӯро гирифтаанд.

Рӯзи 4-уми июн Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷикро мақомоти интизомӣ барои панҷ соат бозпурсӣ карданд. Рӯзноманигор гуфт, ҳодиса баъди сабти барнома дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯй дод.

Муаллифони изҳорот хостаанд, фишору таҳдид ва таъқибу зарбулати хабарнигорон дар Тоҷикистон бас карда шавад , вале айни замон ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, “бо дарки манфиатҳои Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон” меъёри касбиву ахлоқиро риоя кунанд.

“Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонуниву касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд,” – гуфта шудааст дар изҳорот.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, аз сатҳи озодии матбуот дар кишвар розӣ нестанд.

Зери изҳорот Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон; Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон; Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон; Созмони ҷамъиятии "Хома"; Созмони ҷамъиятии "Машварати расонавӣ"; Медиа Алянси Тоҷикистон; Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс"; Рӯзномаи "Садои мардум"; Ҳафтаномаи "СССР" ва ҳафтаномаи "Минбари халқ" имзо гузоштаанд.

ozodi.org

Tajik