Бо Рузи ҳуқуқи инсон табрик менамоем!

Search form

Бо Рузи ҳуқуқи инсон табрик менамоем!

Дустони азиз! Имрӯз 10 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рузи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирад. Дар ин рӯз соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд. Аввалин бор Рузи ҳуқуқи инсонро соли 1950 ҷашн гирифтанд, баъди оне ки Ассамблеяи Генералӣ бо резолютсияи 423 (V) –и  қабулнамуда, ҳамаи давлатҳо ва ташкилотҳои манфиатдорро ба он даъват намуд, ки 10 декабри ҳар сол ҳамчун Рузи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта шавад.

Барои риояи ҳуқуқу озодиҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид кардан кушишҳои  умумии давлат ва ҷамъият лозим аст.

Дар Тоҷикистон ҳамкориҳои  мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуда истодааст.

Чорабиниҳое, ки дар Рузи ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд барои дастгирии ташабуссҳои назарраси аҳолӣ, риояи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд.

Дустони азиз!

Аз таҳти дил шуморо ба ин ҷашн табрик менамоем! Ба шумо ва наздиконатон осоиштагӣ, бурдборӣ, беҳбудӣ ва хушбахтӣ орзу менамоем!

Тими ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Tajik