ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ҲАНГОМИ АМАЛИГАРДОНИИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Ҳисобот оид ба натиҷаҳои мониторинг

Search form

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ҲАНГОМИ АМАЛИГАРДОНИИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Ҳисобот оид ба натиҷаҳои мониторинг

Ҳуқуқ ба иттилоот яке аз ҳуқуқҳои сиёсӣ ва фардии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқи мазкурро санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқӣ, ки тибқи банди 3 моддаи 10 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ шуморида мешаванд, кафолат медиҳад. Дар навбати аввал, ин моддаи 19 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он уҳдадориҳо ва масъулияти махсусро ҳангоми истифодаи ҳуқуқ ба иттилоот ва маҳдудиятҳои истифодаи ҳуқуқи мазкурро муқаррар менамояд.

Дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли1996 қабул шудааст, дар моддаи 25 муқаррар гардидааст:: «Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имкониятипайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст».

PDF icon dastrasi_ba_ittiloot_rasmieti_mamuri_tj.pdf

Tajik