Иди Саиди Фитр муборак!

Search form

Иди Саиди Фитр муборак!

Дӯстони азиз!

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” шуморо бо Иди ал-фитр табрик менамояд!

Шуморо аз самими қалб бо яке аз Идҳои барҷастаи мусулмонон –Иди Рамазон, ки бевосита бо ғояҳои рушди маънавӣ ва корҳои хайр алоқаманд аст, муборакбод мегуем. Ин Ид маънои махсуси маънавӣ, шодии ба даст овардани таҷрибаи нави бебаҳо, покизагии ахлоқӣ, худтакмилдиҳиро дар худ дорад.

Дар ин Иди муборак бигузор Аллоҳ дуъои шуморо бишнавад ва рӯзаи Шуморо қабул фармояд.

Бигузор саховатмандии шумо бо саломатӣ, меҳру муҳаббат ва хушбахтии оилавӣ бароятон баргардад.

Тими ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Tajik