Машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр

Search form

Машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр

Машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture! 

7-уми майи соли 2021 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз соати 10:00 то 12:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр гузаронид. 

«Истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагони гумонбар дар содир

кардани ин ё он ҷиноят, инчунин нафароне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон

адои ҷазо мекунанд, барҳам дода ва муносибатҳои ѓайриоинномавӣ 

дар артиши тоҷик аз байн бурда шаванд».

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр дар ноҳияи Фирдавсӣ назди бозори «Султони Кабир», дар ноҳияҳои Сино назди бозори «Деҳқон», дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ назди бозори «Меҳргон» ва дар ноҳияи Шоҳмансур назди бозори «Ховарон» гузаронида шуданд.

Машварати ҳуқуқии ройгонро ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (Сайфуллоев Салимҷон, Исоев Хушбахт, Шарипов Абдураҳмон, Ҳаитов Салимҷон ва Шозодаева Гулгуна) ва Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев расониданд. Дар рафти расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 (ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо) тақсим карда шуд.

    

Суолҳои шаҳрвандон ба доираи васеи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон дахл доштанд. Шаҳрвандони барои машварати ҳуқуқӣ муроҷиаткарда асосан ба масоили муҳоҷирати корӣ ва ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар давраи пандемия, ҳуқуқҳои манзиливу оилавӣ таваҷҷуҳ намуда, донишҷўёни муассисаҳои таълимии олӣ оид ба муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ва гузаштани хизмати ҳатмии ҳарбӣ суол доданд. Ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон инчунин ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷаро шарҳ доданд.  

Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев ба суолҳои хислати иҷтимоидошта посух дода, уҳдадориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқ ба муроҷиат барои ҳимояи ҳуқуқҳои худро шарҳ дод.

Дар рафти чорабинӣ шаҳрвандон зикр намуданд, ки дар шароити пандемия ва канорагирӣ барои ба даст овардани машваратҳои ҳуқуқӣ душворӣ эҳсос карданд, инчунин барои расонидани машваратҳои ҳуқуқии ройгон изҳори сипос намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпўшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).             

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМЎШ НАБУДАН!

Қурбониён - бо зўроварӣ ва муносибати ѓайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рўзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гўянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон имконпазир гардид. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj 

Tajik