Нусхаи электронии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда”

Search form

Нусхаи электронии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда”

Мӯҳтарам дӯстон, ҳамкорон ва шарикон,

Нусхаи электронии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда”-ро пешкаши шумо мегардонем, ки дар бораи саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон қисса мекунад. Китоб ба ёддоштҳои хешу табор дар бораи писарону шавҳаронашон, ки мавриди зӯроварӣ ва худсарии кормандони бевиҷдони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар қарор гирифтаанд, ҷасорату матонати онҳо бахшида шудааст.

Ғояи аслии китоб ба созмони ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” тааллуқ дорад. Мо дар соли 2013 аввалин китоби худро нашр карда, умедвор будем, ки он ба пешгирии амалияҳои ваҳшиёнаи шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ нисбат ба одамон мусоидат мекунад. Мутаассифона, ҳамасола Эътилофи зидди шиканҷа саргузашти қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро, аз ҷумла ҷавононе, ки дар натиҷаи меҳтарсолорӣ (дедовшина) дар артиш ба ҳалокат расидаанд, бештар ба қайд мегирад.

Дар ин китоб шумо метавонед маълумоти навшударо дар бораи саргузаштҳое, ки ба нашри аввал дохил шудаанд, шаш ҳикояи наве, ки дар солҳои 2014-2015 ба амал омадаанд, дарёфт намоед ва дар соли 2021 китоб бо 10 саргузашти нав пурра карда шудааст, ки Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз болои онҳо дар солҳои 2015-2020 кор кардааст. Ин қиссаҳо оиди дард, тарс ва беҷазоӣ мебошанд. Аз рӯи баъзе ҳолатҳо ба адвокатҳо муяссар гашт, ки парвандаро қатъ кунанд ва як нафари бегуноҳро аслан аз ҳабс берун кунанд, дар ҳолатҳои дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар татбиқ намудани шиканҷа гунаҳгоранд, ба ҷавобгарӣ кашанд ва дар бархе ҳолатҳо қурбониёни шиканҷа, хешовандон ва адвокатҳо тайи солҳо барои таъмини тафтишоти самарабахш ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон мубориза мебаранд…

PDF icon slomannye_sudby_tadzh.pdf

NoTorture.Tj

Tajik