Рӯдакӣ ба Душанбе меояд

Search form

Рӯдакӣ ба Душанбе меояд

ё Васеъшавии шаҳр: ташвишҳои шаҳрии деҳқонони собиқ

Ду сол пеш ҳудуди Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рўдакӣ васеъ карда шуд. Зиёда аз 100 ҳазор сокини деҳа ба сокинони шаҳр табдил ёфтанд.

Душанбегиҳои нав чӣ рўзгор доранду дар зиндагиашон чӣ тағйирот рўй додааст?

Ба самти ҷануб!

Душанбе ба вусъат ниёз дорад. Зарурати инро ҳукуматдорони Тоҷикистон ба афзоиши аҳолӣ, талабот ба манзилҳои иқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти дигар рабт медиҳанд. Дар қарори Ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанўз соли 2017 қабул шуда буд, гуфта мешуд, ки домани ҳудудҳои пойтахт ба 18 ҳазор гектар то соли 2025, ба 25 ҳазор гектар то соли 2040 ва ба 30 ҳазор гектар пас аз соли 2040 васеъ карда мешавад.

19 марти соли 2020 дар ҷаласаи 22-юми даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ раиси Кумитаи МММО Муҳаммадюсуф Имомзода ин масъаларо шарҳ дода қайд намуд, ки дар асоси санади пешкашкардаи Ҳукумати ҶТ “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рўдакӣ оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рўдакӣ” аз ҳисоби заминҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Россия, Гулистон ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рўдакӣ ба қаламрави маъмурии шаҳри Душанбе беш аз 7659,25 гектар замин илова мешавад.

Мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт, васеъкунии маъмурӣ-ҳудудии асосӣ ба самти ҷануб ва қисман ба самтҳои шимол, шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст.

Дар Қарори Ҳукумат қайд мегардад, ки ба роҳбарияти шаҳр аз худ намудани заминҳо марҳила ба марҳила, мутобиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон зарур мебошад.

Ғайр аз ин, ба шаҳрдории Душанбе супориш шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва ҳудуди атрофи он, коммуникатсияҳо ва иншоотҳоро дар мутобиқат бо Нақшаи генералии тасдиқгардида амалӣ намоянд.  

Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рўдакӣ вазифадоранд ба бунёд кардани иншоотҳои сохтмони асосӣ ва шинондани растаниҳои бисёрсола дар заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии Душанбе ба сифати ҳудудҳои рушди шаҳр муқаррар гардидаанд, роҳ надиҳанд.

География дар рақамҳо

Моҳи марти соли гузашта маъмурияти шаҳр барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанберо то соли 2025 тасдиқ намуд. Васеъ намудани қаламрави шаҳр яке аз бандҳои асосии ин барнома аст.

Ҳудуди Душанбе, бо назардошти заминҳои ҳамроҳшудаи ноҳияи Рўдакӣ бо масоҳати 7 659,25 гектар, ҳамагӣ 20 318,25 гектарро ташкил дод (н.Сино – 6224,39, н.Фирдавсӣ – 5447,96, н. Шоҳмансур – 4888,90 ва Исмоили Сомонӣ – 3759,00 га).

Аз масоҳати муқарраршудаи шаҳри Душанбе 2091,75 га заминҳои обӣ, 145,21 га боғ, 12,28 га тутзор, 2,10 га боғҳои ситрусӣ, 25,79 га чарогоҳ, 6390,85 га нуқтаҳои аҳолинишин, 5,7 га заминҳои ёрирасони  шаҳрвандон, 1372.0026 га буттазорҳо, 3,7 га ботлоқзорҳо, 1436,66 га кӯлу дарёҳо, 310,2 га гузаргоҳҳои зеризаминӣ, 7227,51 га заминҳои сохтмон ва киштзор, 1235,03 га заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашуда мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки пештар шаҳр аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атроф, алалхусус аз ҳисоби як қисми ноҳияи Варзоб васеъ шуда буд.

Ҳудуди пойтахт қаблан беш аз 12,6 ҳазор гектарро ташкил медод ва то соли 2019 шумораи аҳолии шаҳр ба беш аз 900 ҳазор нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, бо назардошти муҳоҷирати дохилӣ ва мизони баланди таваллуд, шумори ҷамъияти Душанбе кайҳо аз 1 миллион нафар гузаштааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ, шумораи аҳолии шаҳр дар марҳилаи аввал ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар ва баъд ба 2 миллион нафар мерасад.

Душанбе дар байни шаҳрҳои кишвар аз ҷиҳати зичии аҳолӣ пешсаф аст: ба ҳар километри мураббаъ ба ҳисоби миёна 6400 сокин рост меояд.

Нақшаҳо барои оянда

Дар рафти нишасти матбуотии моҳи январи соли 2019 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар ҳудудҳои ба Душанбе ҳамроҳшуда бунёди 19 ҳазор иншоот дар нақша аст.

«Инҷо шаҳракҳо бо тамоми зерсохтор бо шумули муассисаҳои таҳсилотӣ, кўдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, поликлиникаҳо, шабакаҳои обу корезӣ, минтақаҳои саноатӣ, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ сохта мешаванд», – гуфта буд сардори муассисаи сохтмонӣ.

Дар Раёсати сохтмон ва хизматрасонии коммуналии Ҳукумати пойтахт дар шарҳи ин суол гуфтанд, ки сохтмони иншоотҳо воқеан ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳуҷҷат – сокини Душанбе, воқеан – деҳқон…

Пас аз қабули Қарори Ҳукумат дар бораи пайваст намудани баъзе ҷамоатҳои ноҳияи Рўдакӣ ба пойтахт, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон қайд намуданд, ки ба маъмурияти пойтахт дар робита ба васеъ кардани шаҳр якчанд масъалаи муҳимро ҳал кардан лозим меояд.

«Ҳукумати шаҳр бояд ба сокинон фаҳмонад, ки  ба зудӣ расман онҳо сокини шаҳр мешаванд ва тибқи қоидаҳои сукунат дар пойтахт ба онҳо дар манзилу ҳавлӣ доштани молу чорво, ки имрўз аксарият доранд, манъ аст”, – гуфт дар алоқамандӣ ба масъалаи мазкур вазири вақти адлия Рустам Шоҳмурод.

Илова бар ин, мувофиқи суханони ў, сокинони деҳот қитъаи замин бо масоҳати 12 садяк доранд, аммо дар шаҳр қитъаҳои замин аз 6 садяк зиёд нестанд.

“Бо такя ба ин, маъмурияти пойтахт бояд қарорҳое қабул намояд, ки ҳуқуқҳои душанбегиҳои навро вайрон намекунанд”, – таъкид намуд Рустам Шоҳмурод.

Дар худи ноҳияи Рўдакӣ ба мо хабар доданд, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҳудудҳои ба Душанбе ҳамроҳшударо акнун маъмурияти пойтахт ҳаллу фасл менамояд.

Тавре зимни мусоҳиба сардори Раёсати агентии омори ноҳияи Рўдакӣ Абдурасул Низомуддинзода хабар дод, ҳудуде, ки ба ноҳияҳои марказӣ пайваст гардиданд, ҳамроҳ бо нуқтаҳои аҳолинишин ва иншоот ба пойтахт гузаштанд.

– Мувофиқи маълумоти омор аз 1 январи соли 2021, ҳамагӣ дар ноҳияи Рўдакӣ 602 740 нафар зиндагӣ мекунад, шумори хоҷагиҳо 95 872 аст. Аз ин миқдор ба пойтахт 35767 хоҷагӣ бо 218260 нафар аҳолӣ гузаронда шуданд. Ба Душанбе аз қаламрави ҷамоати Россия 9 нуқтаи аҳолинишин, аз Чимтеппа 12, Сарикиштӣ 8 деҳа ба пуррагӣ ва 5-то қисман, Чоряккорон 2 деҳа пурра ва 6 деҳа қисман, Гулистон 5 деҳа пурра ва 1 деҳа қисман, Чортеппа 2 деҳа пурра ва 2 деҳа қисман, аз шаҳраки Навобод 2 гектар замин пайваст карда шуданд.

Чӣ ҳол дорӣ, душанбегии нав?

Дар зиндагии деҳотиёни собиқ, ки сокини Душанбе шуданд, чӣ тағйирот рух дод?

-Ҳоло тағйирот кам аст,- мегўяд сокини ҷамоати Чимтеппа Асадулло Собиров.– Ҳуҷҷатҳоро иваз карданд. Акнун мо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошем. Бо ҳамин тамом. Дар шаҳраки мо бисёр касон кайҳо боз ба кишоварзӣ машғул нестанд – замин кам аст. Асосан, мардон дар бозори шаҳраки Гипроземи пойтахт ба савдо машғуланд ё дар сохтмонҳои Россия кор мекунанд. Ба мо гуфтанд, ки инҷо ба зудӣ навсозӣ сар мешавад. Канӣ бинем, чӣ мешавад.

Дар аксари хоҷагиҳои ҷамоати Сарикиштӣ шаҳрвандон чорвои хурду калони шохдор, мурғ парвариш мекунанд.

Соли 2009 дар асоси Қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» нигоҳ доштани чорвои калону хурди шохдор, хар ва заргўш дар Душанбе мамнуъ эълон гардид.

Моҳи декабри соли 2021 Ҳукумати шаҳри Душанбе парвариш ва нигаҳдории чорворо ба муддати ду сол дар қитъаҳое, ки расман аз тавозуни ноҳияи Рўдакӣ ба тавозуни пойтахт гузаронида шуданд, иҷозат дод.

Дар хабари шаҳрдорӣ гуфта мешавад, ки қарор бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо гўшт ва маҳсулоти ширӣ, ҳамчунин ҳифзи суботи нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал қабул гардид.

“Пешниҳод мешавад, ки то ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ намудани ҷамоатҳои иловашуда, дар мутобиқат бо талаботи ҳукумати шаҳр ба муддати то ду сол нигоҳ доштани чорвои калони шохдор, гўсфанд, мурғ ва дигар ҳайвонот муваққатан иҷозат дода шавад”,- қайд мешавад зимни қарор.

– Ҳамаи ин хуб аст, – мегўяд сокини деҳа Шамсиддин, –  вале баъд чӣ мешавад? Чорвопарварӣ машғулияти ягонаи оилаи мост. Дар дастархони мо ҳама вақт ширу қаймоқи истеҳсоли худӣ ҳаст. Мумкин, кор кофтан лозим шавад. Лекин ман ба кор дар замин одат кардаам.

Сокинони ҳудудҳои нави пойтахт шикоят мекунанд, ки пас аз пайвастшавӣ ба шаҳр онҳо аз ҷиҳати хизматрасониҳои коммуналӣ низ ҳеҷ дигаргуниро эҳсос накарданд. Дар баъзе ҷойҳо мо дидем, ки аҳолӣ оби нўшокиро аз чоҳҳои зеризаминӣ – скважинаҳо мегирад, ҷойҳои дигар лўлаҳои интиқоли об доранд, аммо ҳатто онҳое ҳам ҳастанд, ки аз оби равони ҷўю каналҳо истифода мебаранд.

-Мо ҳеҷ гоҳ ба канализатсия ва шабакаи гармидиҳӣ пайваст набудаем. Дар замони шўравӣ хатҳои газ буданд, аммо акнун газ дар шаҳр ҳам нест. Мушкили асосӣ партовҳо мебошанд, ки дар як ҳафта як бор бурда мешаванд. Бисёр вақт ҷойи муқаррари партовҷамъкунӣ вуҷуд надорад, – гуфт сокини собиқадор Абдулло Қурбонов.

Пойтахтнишини нави дигар, сокини деҳаи Обчакорон Маҳмуд Исломов чорвояшро фурўхта, ба худ кори нав пайдо кардааст.

-Ба деҳаи мо нақлиёти ҷамъиятӣ то ҳол намеояд, ҳарчанд ки мо ду сол боз шаҳрӣ ҳисоб мешавем. Инро дида, қарор додам, ки ба мусофирбарӣ дар деҳа машғул шавам. Бо пули аз фурўши мол бадастовардаам «Опел»-и арзонак харидам. Даромадам зиёд нест, вале аз бекор дар хона шиштан беҳтар аст,- нақл кард Маҳмул.

Дар худи шаҳрак аксари роҳҳо то ҳанўз асфалтпўш нашудаанд. Мушкилот бо партовҳо ҳанўз боқӣ мемонад, лекин бояд гуфт, дар зиёд деҳаҳои дигар низ ин ҳол дида мешавад. Аз канализатсия ҳоло, албатта, ҳоҷати гап нест. Обро аз чоҳҳои зеризаминӣ дастӣ, бо истифода аз фишангҳои обкашӣ мегиранд.

Баъзе сокинони шаҳрак аз ҳуҷҷатҳои хона танҳо шиносномаи техникиро доранд.

– Ҳамсояи мо ҳуҷҷатҳоро ба қайд даровард, барои ин 3 ҳазор сомонӣ сарф кард. Ман ҳам мехоҳам ҳуҷҷатҳои хонаро тахт кунам. Ҳоло пурсуҷў карда истодаам, шиносе мекобам, ки дар ин кор бо нархи арзон ёрӣ расонда тавонад, – гуфт сокини деҳа, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд.

Мушкилоти мактаб

Маҳаллаи Арбобхотун дар канори ғарбии пойтахт воқеъ аст, пеш ба ҳайати ноҳияи Рўдакӣ медаромад. Тибқи иттилои ҳукумати ноҳия, дар робита ба васеъшавии пойтахт аз 1 январи соли 2021 маҳалла пурра ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дохил шуд.

Тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҳаллаи Арбобхотун танҳо як мактаби рақами 172 мавҷуд аст, ки барои 1800 хонанда пешбинӣ шудааст, аммо ин кофӣ нест. Сокинон мегӯянд, ягона мактаб дар маҳаллаи онҳо наметавонад ҳамаи хонандагони маҳаллиро фаро гирад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи маориф, бо далели бунёди маҳаллаҳои нав ва афзоиши аҳолӣ мушкили нарасидани мактабҳо доғ шудааст.

-Раванди пайвастани маҳалла ба пойтахт беш аз ду сол тӯл кашид, мақомот ба муроҷиати мо дар мавриди нарасидани мактаб эътибор надоданд. Дар маҳалла ҳамагӣ як муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, кӯдакон маҷбуранд то мактаб ва дар роҳи бозгашт бештар аз панҷ километр роҳро тай кунанд. Вакте ки басти дуюм ба охир мерасад, хаво торик мешавад. Мақомот бояд ин мушкилро ҳал кунанд,- мегӯяд сокини маҳалла Саидбек.

Аввал роҳҳо, баъд автобусҳо

Пас аз ворид шудан ба рӯйхати сокинони Душанбе, сокинони деҳот бештар маҷбур мешаванд, ки ба пойтахт сафар кунанд. Аммо аксарияти деҳаҳо ба хатсайрҳои автобусу троллейбусҳои шаҳрӣ пайваст нестанд.

Ба деҳаҳои наздики Душанбе асосан микроавтобусҳо хизмат мерасонанд. Вале онҳо дар ҳудуди деҳаҳо ҳаракат намекунанд. Инҷо лозим меояд иловатан аз таксиҳои хусусӣ истифода баред.

Дар баробари ин, қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ба пойтахт пайвастшуда ҳолати роҳҳо хуб нест.

Абдулло Соҳибов, як сокини Сарикиштӣ мегӯяд, роҳҳо ҳанӯз дар замони шӯравӣ асфалтпӯш шуда буданд ва тайи 40 соли охир боре ҳам таҷдиду таъмир нашудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати шаҳр, дар оянда иртиботи автобусӣ бо манотиқи ҳамроҳшуда низ густариш хоҳад ёфт. Дар самти сохтмони зерсохтори роҳу нақлиёт корҳои бисёреро анҷом додан лозим аст.

-Нақшаи рушди ҳудудҳои нав тадриҷан амалӣ карда мешавад. Чунон ки маълум аст, дар бисёр қишлоқҳо роҳҳо ба стандартҳои шаҳр мувофиқ нестанд. Дар асоси ин, барои ба вуҷуд овардани зерсохтор, аз ҷумла бозсозии роҳҳо, ҳаҷми зиёди корҳоро иҷро кардан лозим меояд. Танҳо дар ин сурат дар бораи кушода шудани хатҳои нави автобусу троллейбусҳо сухан рондан мумкин мешавад. Ин ҳама дар нақшаи мақомоти шаҳр ҳаст ва мо зина ба зина ба ин натиҷа мерасем, – гуфт як манбаъ дар «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Авфу қонуникунӣ сари вақт расид

Ҷамоати “Россия”, ки мардум аз рўйи одати кӯҳна “Колхози «Россия» меноманд, низ дар рўйхати деҳоте аст, ки ба ҳайати Душанбе мегузаранд.

Ба гуфтаи сокинон, онҳоро то ҳол саросема накардаанд, ки зудтар ҳуҷҷатҳоро дуруст кунанд.

Салимҷон Азизбоев , як сокини ин ҷамоат мегӯяд:

-Аммо дар шаш моҳи охир мардум худ ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро шуруъ кардаанд. Пеш ин душвор буд. Гап сари он аст, ки баъзе сокинони ноҳия, ки 10-15 сол пеш барои худ хона сохтаанд, ба вазъияти душвор дучор шуданд. Чунин ба назар мерасид, ки ба онҳо мақомоти маҳаллӣ барои сохтмон иҷоза додааст, лекин баъдан додситонӣ гуфт, ки бисёр аз ҳуҷҷатҳо ғайриқонунӣ мебошанд. Ҳатто ҳодисаҳои чаппа кардани хонаҳо ҷой доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасвиби қонуни афв дар робита ба қонунигардонии амвол дар тобистони соли гузашта сокинони ин ноҳия, ки ба чунин мушкилот дучор шуда буданд, дубора дар пайи ба қайд даровардани манзилҳои худ шуданд.

-Лозим меояд пул харҷ кунем, вале диламон ҳам оромтар мешавад, -мегӯяд Салимҷон.

Андозҳои андӯҳангез

Соҳибкорон ва соҳибони заминҳои иҷора дар ҷамоатҳои шаҳрӣ ташвишҳои нав пайдо карданд. Моликони нуқтаҳои савдо шикоят доранд, ки дар робита ба вуруд ба шаҳр андози онҳо зиёд шудааст.

-Пештар 350 сомонӣ медодам, ҳоло тақрибан 800. Фарқ, тавре мебинед, назаррас аст. Лекин харидоронам зиёд нашудаанд-ку – ҳамон ҳамдеҳагонам мехаранд, савдоям мисли шаҳр нест. Дар ин ҷо баъзан соатҳо харидорро интизор мешавӣ,- мегӯяд як фурӯшандаи мағозаи хӯрокворӣ дар ҷамоати Чимтеппа.- Эҳтимол, ба зудӣ дӯконамро баста, ба Россия равам.

Аз тағйирот кормандони соҳаи тиб ҳам пурра қаноатманд нестанд. Дар яке аз марказҳои саломатӣ гуфтанд, ки масалан ҳамшираҳои тиббӣ дар деҳа 800 сомонӣ мегирифтанд, ҳоло – 700 сомонӣ.

-Ба назари ман, раванди ба шаҳр пайвастани қишлоқҳо мебоист аз омода кардани шароит ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии деҳот cap мешуд. Ва танҳо пас аз он расмиятҳои ҳуқуқии ҳамроҳкуниро анҷом медоданд, – мегӯянд онҳо.

Аммо афзалиятҳо низ ҳастанд.

-Масалан, пеш, вақте фишори хунам баланд мешуд, маҷбур мешудам, ки бо мошини ҳамсояҳоям ба беморхонаи ноҳия равам, – мегӯяд сокини ноҳия Турсуной Аҳмадова. – Шароити деҳа чандон хуб набуд. Вале ҳоло агар мо ёрии таъҷилӣ даъват кунем, он нисбатан зуд расида меояд. Моро дар поликлиникаю беморхонаҳои шаҳр табобат мекунанд, ки онҷо шароит хуб аст ва мутахассис ҳам мерасад.

Аз пайвастан сокинони ҷавони деҳот низ қаноатманданд.

– Вақте мегӯӣ, “ман аз Душанбеям”, хушат меояд. Ин на ба ҳама насиб мекунад. Умедворем, ки ба наздикӣ дар мо ҳам ҳама чиз мисли шаҳр мешавад – роҳҳо, нақлиёт, боғҳо, маҷмааҳои варзишӣ ва ғайра. Хайр, мо сокинони пойтахт бошем, бояд мувофиқи ҳамин мақом зиндагӣ кунем», – мегӯянд онҳо.

Посухҳои расмӣ

Ҳеҷ нафаре аз мансабдорон ба саволҳои одие, ки дар робита ба васеъкунии пойтахт ба миён омадаанд, ҳанӯз ба таври мушаххас ҷавоб дода наметавонад.

Посух ба дархости рӯзноманигорӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии кишвар низ чандон пурра набуд.

Инак, ба чанд саволи мо масъулони идораи замин посух медиҳанд.

–Соҳибони қитъаҳои заминеро, ки ба ҳудуди шаҳр дохил шуданд, чӣ интизор аст? Инвентаризатсияи замин барои тасвири сарҳади пойтахт чӣ гуна ҷараён дорад?

– Тибқи талаботи моддаи 77 (иловаи 1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қитъаҳои замин дар шаҳр мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи муфассали тарҳрезию сохтмонӣ истифода бурда мешаванд. Гирифтани заминҳо барои эҳтиёҷоти шаҳр тибқи Нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

– Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замин дар робита ба тағйири сарҳадҳои маъмурии Душанбе чӣ тавр ҷараён мегирад?

– Тибқи талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давдлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, молу мулки ғайриманқуле, ки дар такшкилотҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бақайдгирифта ҳисобида шуда, дуюмбора ба қайд гирифта намешаванд. Аз ин рў, молу мулки ғайриманқуле ки дар ташкилоти дигари бақайдгирии давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, аз назари ҳуқўкӣ боэътибор аст.

– Бақайдгирии дубораи манзил дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии амволи ғайриманқул» дар ҳолати гузаштани ҳуқуқи моликият чӣ гуна сурат мегирад? Бақайдгирии дубора аз ҳисоби кӣ сурат мегирад?

– Тибқи талаботи қонунгузории соҳаи бақакйдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуққуқҳо ба он, ки дар қайди давлатӣ ҳастанд, сабтҳо нисбати молу мулки ғайриманқули мазкур ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба тариқи ройгон аз ҷониби бақайдгирандагони ташкилоти бақайдгирии давлатии дахлдор ворид карда мешаванд. Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият бақайдгирии минбаъда мутобиқи “Нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хадамоти ҳуқуқӣ ва техникии бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он алоқаманд” анҷом дода мешавад.

-Оё ҳоло муомилоти хариду фурӯш, ҳадя, иҷораи амволи ғайриманқул дар заминҳои ҳамроҳшаванда иҷозат дода шудааст?

-Мутобиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 2-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Барои бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ ба замин, тибқи талаботи моддаи 261-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Тасдиқи нотариалии аҳдҳо ба молу мулки ғайриманқул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” анҷом дода мешавад.

«Ҳамаи заминҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъиноти мақсаднок ба гурўҳҳои зерин (Қонуни ҶТ аз 5.01.08 №357) тақсим мешаванд:

1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

2)заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);

3)заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;

4)заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;

5) заминҳои фонди давлатии ҷангал;

6) заминҳои фонди давлатии об;

7) заминҳои захираи давлатӣ.

Гурӯҳҳои замин дар ҳуҷҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) дар кадастри давлатии замин;

б) дар китоби бақайдгирии замин;

в) дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

г) дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

-Соҳибони заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба куҷо барои машваратгирӣ муроҷиат карда метавонанд?

– Шахсони воқеӣ ваҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд нисбат ба масъалаҳои вобаста ба замин ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, мақомоти маҳаллии он ва ташкилотҳои тобеи он ва нисбат ба молу мулки ғайриманқул ба ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ ва ташкилоти тобеи он дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

– Оё ҳоло дар қаламравҳои ҳамроҳшуда тағйир додани таъиноти қитъаҳои замин иҷозат аст ё на?

– Тағйир додани таъиноти қитъаи замиин ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳоқимияти давлатии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Мутобиқи қ.3 м. 27-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи қитъаи замине, ки дар он бино, сохтмону иншоот қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 9-9 (1) кодекси мазкур дар бораи тағйир ёфтани мақсади истифодаи ин қитъаи замин қарор қабул карда мешавад.

Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳои дар моддаи 3, Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро мешавад.

Риоя накардани қоидаҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои инҳо асос шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

а)беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;

б) надодани хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хукуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани хуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.

Аз нав ба қайд даровардани амволи ғайриманқул

Дар масъалаи он, ки оё ҳатман ҳуҷҷатҳои моликияти ғайриманқулро аз нав ба қайд даровардан лозим аст ва барои чӣ қадар муҳлат дода мешавад, муовини якуми директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии амволи ғайриманқул» (МБТИ-и собиқ) Акрам Қаҳҳоров қайд намуд, ки “бинобар ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаштани молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Рўдакӣ, ки қаблан дар ташкилоти бақайдгирии давлатии ноҳияи Рўдакӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда буд, такроран ба қайди давлатӣ гирифта намешавад. Маълумот нисбати молу мулки ғайриманқули дахлдор ба тариқи ройгон ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз ҷониби бақайдгирандагони ташкилоти бақайдгирии давлатии шаҳри Душанбе дохил карда мешаванд. Ҳангоми минбаъд ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ бо пардохти маблағ анҷом дода мешавад”.

Ба намуди ғайрикишоварзии заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва ба намуди заминҳои алафзор ва чарогоҳҳо гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола ва инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои обй ба заминҳои лалмй бо қарори Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба намуди заминҳои корам ва заминҳои дарахтони бисёрсола гузаронидани заминҳои алафзор, чарогоҳҳо, дигар намуди заминҳо, сарфи назар аз масоҳати заминҳо, аз заминҳои корам ба заминҳои дарахтони бисёрсола ва аз заминҳои дарахтони бисёрсола ба заминҳои корам, инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) сурат мегирад. (Моддаи 9 (1) Кодекси замини ҶТ)

Ба ҷойи хулоса,

ё Симои деҳотии шаҳр

Рӯдакӣ алакай ба Душанбе “омадааст”, аммо то ҳол дар зиндагии деҳотиён тағйироти ҷиддие ба назар намерасад ва онҳо ҳанӯз худро шаҳрнишин эҳсос накардаанд.

Имрӯз ҳам равшан нест, ки ба шаҳр табдил додани деҳот чӣ гуна сурат хоҳад гирифт ва мақоми шаҳр ба ҳуқуқи як сокини деҳа чӣ гуна таъсир мерасонад.

Оё якбора афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ ва сатҳи даромад ба амал меояд? Оё ба сохтмони роҳ шуруъ карда, автобусу троллейбусҳоро ба кор меандозанд? Оё марказҳои таълиму рушд барои кӯдакон боз мешаванд?

Агар ин тавр бошад, пас, албатта, чунон ки мусоҳибони мо гуфтанд, «мо бо ҷону дил тарафдор». Ин тавр бошад, ҳамаи қишлоқҳоро ба шаҳрҳо пайваст кардан лозим, зеро ҳоло дар деҳот аз ҳамаи неъматҳои номбаршуда бебаҳраанд. Инҷо муассисаҳои томактабиро бо ангушти як даст шумурдан мумкин аст, барқ аксар вақт хомӯш мешавад, сифати оби нӯшокӣ чунон аст, ки онро танҳо барои корҳои хоҷагӣ истифода бурдан имкон дорад.

Аммо ба ҳоли имрӯз дигаргуниҳо ба нафъи сокинони ҳудудҳои ҳамроҳшуда нестанд. Хароҷот, махсусан аз ҷиҳати пардохти андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ, афзоиш ёфт. Яъне, бе он ки шароит тағйир дода шавад, арзиши зиндагӣ дар деҳа гаронтар мешавад.

Вале ҳоло ҳар қадар аз маркази пойтахт дуртар равем, манзара ҳамон андоза бештар деҳотӣ мешавад. Чорво дар заминҳои бекорхобида мечарад, занон оби нӯшокиро дастӣ ва ё бо ароба бо хар аз заҳбуру каналҳо мекашонанд. Қад-қади роҳҳои асфалтпӯш новобаста аз обу ҳаво тӯдаи бачагон ба мактаб мераванд, ки баъзан  чанд километр дур аст. Қариб аз ҳама хонаҳо дуд аз мӯриҳо ба осмон мепечад.

Аммо ҳаёт идома дорад…

Ва, эҳтимол, дар ояндаи наздик ҳамаи сокинони нави Душанбе ба ҳаёти шаҳр одат карда, метавонанд аз неъматҳои тамаддун баҳра баранд.

ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»

nuqta.info/tj

Tajik