Жилье в социальном формате: по какому пути идет развитие?

Search form

Жилье в социальном формате: по какому пути идет развитие?

Ниёз ба он ба миён омадааст, ки барнома оид ба вусъат додани сохтмони манзилҳои иҷтимоӣ барои хоҷагиҳои дорои даромади миёна дар асоси таҷрибаи кишварҳои Аврупо тартиб дода шавад. Дар ин бора ҳангоми як пажӯҳиши вазъ дар бахши сохтмони манзилҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ки натоиҷи он дар Душанбе нашр шуд, гуфта мешавад.

Таҳқиқоти «Вазъ дар соҳаи манзили иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” моҳҳои январ-апрели соли 2022 гузаронида шуд.

Муаллифон ишора мекунанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии таҳқиқот омӯзиши масъалаи ҳуқуқ ба манзили кофӣ дар заминаи ниҳоди манзили иҷтимоӣ дар Тоҷикистон будааст.

Таҳқиқот шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғдро фаро мегирад.

Муаллифон таъкид мекунанд, ки то соли 1994 Кодекси манзил дар Тоҷикистон амал мекард, ки ҳанӯз соли 1984, дар замони ҷумҳурии шӯравӣ будани Тоҷикистон қабул шуда буд. Мутобиқи меъёрҳои Кодекси мазкур, уҳдадориҳо оид ба пешбурди баҳисобгирии давлатии фонди манзил дар ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти иҷроия вогузор шуда буданд. Аз фонди манзили давлатӣ ба шаҳрвандон танҳо як манзили иқоматӣ ба иҷора дода мешуд, шаҳрвандон ҳуқуқи сохтани манзили инфиродиро низ доштанд, вале танҳо як адад. Илова бар ин, ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дошт, ки танҳо як хонаи тобистона (дача) дошта бошад, ки бояд берун аз шаҳрҳо ҷойгир мебуд.

Бино ба таъкиди директори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шоира Давлатова, тадқиқот нишон дод, ки дар ин замина эҳтиёҷмандон ба беҳтар намудани шароити манзилӣ бо такя ба принсипи адолати иҷтимоӣ аз ҷониби давлат умед баста, таъминшавӣ бо манзилро аз ҳисоби Фонди давлатии манзил интизор буданд. Аммо дар сатҳи қонунгузорӣ ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор набуд, ки ҳамаро бо манзили аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохташуда таъмин намояд.

«Соли 2009 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумон пешниҳод карда буд, ки Кодекси манзили нави замонавӣ омода карда шавад.

Ба оғози соли навбатӣ, яъне 2010, лоиҳаи Кодекси манзил омода буд. Муддати тӯлонӣ дар комитети соҳавии парлумон баррасӣ мешуд.

Солҳои 2011-2015 бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ лоиҳа ба анҷом расид, ҷомеаи  шаҳрвандӣ барои лоиҳаи Кодекси нави манзил пешниҳодҳо пешниҳод намуд. Ҳамин тавр, лоиҳаи Кодекси нави манзил дар рӯйи коғаз монд ва ислоҳоти системаи хоҷагии манзилию коммуналй дар Тоҷикистон барор нагирифт. Аз соли 2016 то соли 2018 ҳомиёни ҳуқуқи башар (ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”) дар чорабиниву ҳамоишҳо баромад намуда, ба мақомоти давлатӣ бо муроҷиату изҳорот рӯ овардам, оид ба аҳамияти қабули Кодекси нави манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба воқеияти Тоҷикистон мувофиқат мекунад, суханронӣ намуданд.

Дар моҳи апрели соли 2019 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси манзил дар назди Дастгоҳи Президенти ҶТ ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он кормандони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва мутахассисони соҳа, аз ҷамоатҳои шаҳрвандӣ – ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» шомил буданд, – афзуд Шоира Давлатова.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2020 бо дастгирии Институти «Ҷомеаи Кушода» барои аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои шиносоӣ бо таҷрибаи таъмини ҳуқуқ ба манзил дар кишварҳои ҳамсояи минтақа: Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин сафарҳо ва муҳокимаҳо оид ба омӯзиши таҷрибаи аврупоӣ дар мисоли Қонун «Дар бораи манзили иҷтимоӣ»-и Ҷумҳурии Албания ташкил карда шуданд.

Лоиҳаи Кодекси манзил аз ҷониби ҳарду палатаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар оғози соли 2022 ба тасвиб расид ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Кодекси манзилро дар таҳрири нав, ки аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор мегирад, имзо гузошт.

Дар рафти омӯзиш маълумот дар се самти асосӣ ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст карда шуд.

Якум, таҳлили қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи манзили иҷтимоӣ. Самти дуюм мусоҳиба (пурсиш) бо се гурӯҳи шаҳрвандон: якум – намояндагони мақомоти давлатӣ, дуюм – аҳолӣ (адвокатҳо) ва сеюм – намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисод буд. Ниҳоят, самти сеюми пажӯҳиш дархости маълумот дар бораи паҳлӯҳои мухталифи масъалаи мавриди омӯзиш дар вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон мебошад.

Зимни таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки дар меъёрҳои қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи манзил танзим мекунанд, то соли 2022 мафҳуми «манзили иҷтимоӣ» вуҷуд надорад. Дар Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 ду боб (Боби 11. Таъмини биноҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи иҷораи иҷтимоӣ ва Боби 12. Истифодаи биноҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи иҷораи иҷтимоӣ) пешбинӣ шудааст, ки ба тартиби ташкил, танзим, тартиби додани манзили иҷтимоӣ, инчунин муайян намудани категорияи аҳолие, ки ҳуқуқи гирифтани объектҳои манзили иҷтимоиро доранд ва истифода мебаранд, бахшида шудааст.

«Дар пурсиш, ки дар доираи тадқиқот гузаронида шуд, мутахассисони бахши тақсимоти манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқшиносони намояндагии манфиатҳои аҳолӣ, кормандони ташкилотҳои сохтмонии дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ фаъолияткунанда ва мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ширкат варзиданд. Мусоҳиба дар байни 165 нафар пурсидашудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд», – гуфт Шоира Давлатова.

Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби ин пажӯҳиш аз мақомоти давлатии кишвар барои дарёфти маълумот дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ин масъала иттилоот дархост шудааст.

«Бо гузашти се моҳ на ҳама мақомоти давлатӣ ҷавоб пешниҳод карданд. Бархе аз онҳо дар посухҳои худ матни пурраи моддаҳои қонунро зикр кардаанд, бархеи дигар барои аз сар соқит кардан “ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунед” ё “интишори рақамҳои расмиро интизор шавед” гуфта посух додаанд.

Муаллифони тадқиқот инчунин тавсияҳои худро нашр кардаанд, ки онҳоро метавон барои беҳтар кардани вазъ дар татбиқи ҳуқуқ ба манзили мувофиқ дар заминаи манзили иҷтимоӣ истифода бурд.

«Мақсади асосии мониторинг омӯзиши вазъ дар соҳаи манзили иҷтимоӣ ва татбиқи тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ оид ба андешидани чораҳои зарурии қонунӣ ва сиёсӣ, рушди бахши манзили иҷораи дастрас, таъмини самарабахши манзили иҷтимоӣ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эҳтиёҷмандон, инчунин ҷорӣ намудани расмиёти муассир дар самти ҳифзи ҳуқуқии шахсони маҷбуран аз хона ихроҷшуда таъмин карда шавад», – иброз дошт Шоира Давлатова.

Бо матни пурраи таҳқиқот инҷо метавон ошно шуд.

ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Tajik